<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>C</key>
<hymn_number>109</hymn_number>
<lyrics>[C1]
.  Am                  Em
   Замин, эй Худованд, аз они Туст!
.   F                       Em
   Тамоми биноҳо зи бунёни Туст!
.  Am              Em
   Ки ҷӯяд ба кӯҳи Худованд роҳ?
.   F                         Em
   Кӣ ёбад ба наздики Қуддус ҷоҳ?

[V1]
.                Am        Em
 Касе к-ӯ ҳамеша бувад покдаст,
.Am         Em     F       Em
 Касеро, ки рӯҳу диле соф ҳаст.
.                  Am        Em
 Ба беҳуда надиҳад равону хирад,
. Am          Em     F       Em
 Сухан рост гӯяд, қасам нахӯрад.

[V2]
 Ҳар он кас ба сӯи Худо роҳ равад,
 Адолат бубинад, муборак шавад.
 Аё ҷумла дарҳову дарвозаҳо,
 Барафрозед сарҳои худ бар само.

[V3]
 Кушода бимонед ҳар моҳу сол,
 Ки дохил шавад подшоҳи ҷалол.
 Ки бошад чунин Шоҳи фаррухсарир
 Худои муҳаббат, Худои қадир.</lyrics>
<title>Ба пайравии таронаи 23 дар китоби Забур Хд109</title>
</song>